Кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови шаҳри Душанбе бозсозӣ мешавад

13-уми март Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои азнавсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд.

Навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат гирифта, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Дарозии роҳ 6,6 километрро буда, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хатти ҳаракат сохта мешавад. Дар қисматҳои алоҳидаи роҳ ду хатти алоҳидаи дигар барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст. Бунёди роҳи кӯчаи Қаҳҳоровро Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто-гурӯҳ» анҷом медиҳад.

Возможно, это изображение дорога

Ҳамзамон дар оянда 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ сохта мешавад. Роҳҳои дусатҳа дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ бо Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пӯл дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта ба истифода дода мешавад.

Оянда дар назар аст, ки бунёди роҳ аз кӯчаи Қаҳҳоров то Дарвозаи Шарқӣ (11,2 км, 8 хатти ҳаракат аз ду самт ва як роҳи дусатҳа), сохтмони роҳ аз маҳаллаи Чортут то маҳаллаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат (40 км, бо 6 хатти ҳаракат аз ду самт, як пӯл ва 4 гузаргоҳи дусатҳа) сохта шавад.   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *