Бохтар

Харҷи 700 000 сомонӣ барои гули лола дар Бохтар

То охири сол дар шаҳри Бохтар зиёда аз 1 миллион гули гуногун шинонида мешавад. Аллакай беш аз 391 ҳазор 500 дона гули лола шинонида шудааст.

Холмаҳмад Ҳабибов, директори корхонаи фаръи давлатии “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки «мо тухмии гулро харидорӣ мекунему халос. Гулро дар замини корхона парвариш карда, ба куча ва хиёбонҳои шаҳр мегузаронем».

 Ин ҳам дар ҳолест, ки солҳои пеш гулро аз дигар ҷойи мехаридаанд. Феълан дар шаҳри Бохтар 391 ҳазору 571 дона гули лола шинонида шудааст, ки як донаи он се сомонӣ арзиш дорад.

Мутаассифона, бо вуҷуди қимати баланд доштани гули лола умраш кутоҳ аст. Холмаҳмад Ҳабибов афзуд, ки танҳо барои харидани тухмии гули лола имсол 700 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Ба таъкиди вай ҳоло корхона бо сабаби 284 ҳазор сомонӣ қарздор будан аз андоз сурат ҳисобаш бастааст.

Ба корхонаи мавриди назар барои соли 2023 аз буҷети шаҳри Бохтар 2 миллиону 585 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст,-афзуд ӯ.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *