Мулоқоти Озода Раҳмон бо Шайх Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Муборак ас-Сабоҳ

Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтои худ, вазири девони амирии Давлати Кувайт Шайх Муҳаммад Абдуллоҳ ал-Муборак ас-Сабоҳ мулоқот кард.

Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар дод.

Мулоқот дар Кувайт доир шуда, ҷонибҳо атрофи мавзуъҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти  кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт суҳбат намудаанд.

Гуфта мешавад, ки доир ба баргузории конфронси байналмилалии “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм ва эҷоди механизмҳои амнияти сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайти Раванди Душанбе” низ табодули афкор сурат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *