Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко дар шаҳри Душанбе

Имрӯз, 10 октябр мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор шуд.

Дар ин хусус аз  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко барои  иштирок дар ҷаласаи пленарии Форуми 8-уми байнипарламентии «Тоҷикистон ва Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *