Мулоқоти сеҷониба дар марз
Имрӯз, 8 –уми январ Қоҳир Расулозода, сарвазири Тоҷикистон, Одилбек Қосималиев, раиси Девони вазирони Қирғизистон ва Абдулло Орипов, сарвазири Ӯзбекистон дар марз гирди ҳам омаданд.
Мулоқоти сарвазирон дар гузаргоҳи наздисарҳадии “Гулистон” -и шаҳри Исфара, ҳаммарз бо гузаргоҳи “Қизилбел” -и ноҳияи Ботканд шуруъ шуд.
Бино ба иттилои расида, дар мулоқоти сеҷониба масъалаҳои марзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд, аммо тафсилоти бештари он то ҳол расонаӣ нашудааст.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистону Қирғизистон байни ҳам беш аз 970 километр марзи муштарак доранд, аммо номуайян боқӣ мондани сарҳад борҳо сабаби рухдоди муноқишаҳои марзӣ гардидааст. Аммо дар моҳи декабри соли 2024 Комиссияи байниҳуқуматии Тоҷикистону Қирғизистон эълон дошт, ки сарҳади давлатиро байни ҳам пурра муайян намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ