Мулоқоти Шавкат Мирзиёев бо Сарвазири Тоҷикистон

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Қоҳир Расулзода, Сарвазири Тоҷикистон, ки бо як сафари давлатӣ дар Тошканд қарор дошт, мулоқот анҷом дод.

Сиёсатмадорон масъалаҳои таҳкими минбаъдаи шарикии мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ғайраро баррасӣ карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Ӯзбекистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ҷанибҳо аз динамикаи мусбати рушди ҳамкориҳои дуҷониба тибқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Дар баробари ин изҳор доштаанд, ки имрӯз ҳаҷми муомилоти молӣ ва ҳамлу нақли борҳо афзоиш ёфта, шумораи лоиҳаҳои ҳамкорӣ афзуда, робитаҳои байниминтақавӣ густариш ёфта, табодули фарҳангиву гуманитарӣ сурат мегирад.

Тибқи маълумоти дарёфтшуда таваҷҷуҳи хоса ба аҳамияти андешидани як қатор тадбирҳои муассир барои афзоиши ҳаҷми муомилоти молии мутақобила, татбиқи лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, агросаноатӣ, нақлиёту логистика, истихроҷи маъдан ва ғайра бо ҷалби маблағи ширкатҳои сармоягузории ду кишвар зоҳир гардидааст.

Бино ба иттилои манбаъ, мусоҳибон ҳамчунин аҳамияти иҷрои амалии қарорҳои ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматиро, ки қаблан таҳти раёсати сарони ҳукуматҳои ду ҷумҳурӣ дар Тошканд баргузор шуд, таъкид кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *