Дархости Завқӣ Завқизода аз Ҳани Салем Сонбол

Дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Завқӣ Завқизода, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Исломии Рушд аз Тоҷикистон бо Ҳани Салем Сонбол, Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD) дидор кард.

Тавре хабар дода мешавад, Завқизода бо муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусии Тоҷикистон аз Роҳбари Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ дархост кардааст, ки ба соҳаҳои ояндадори иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси корхонаҳои нассоҷӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳалол, марказҳои логистикӣ, рушди савдо ва сайёҳӣ, бонкдории анъанавию исломӣ ва тақвияти иқтидори бахши хусусӣ зиёд маблағгузорӣ кунад.

“Роҳбари Корпоратсия ҷаноби Ҳани Салем Сонбол изҳор дошт, ки барои татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои номбурда ва инчунин тақвияти ҳамкориҳои минбаъда омода аст”,- гуфта мешавад дар хабар.

Ҳамзамон, тибқи хабар, дар доираи мулоқоти мазкур ҷонибҳо ба маблағи умумии 100 миллион доллари ИМА Созишномаи ҳамкорӣ барои рушди самтҳои зикргардида ба тасвиб расонидаанд.

Мавриди зикр аст, ки то имрӯз Корпоратсияи байналмилалӣ дар Тоҷикистон 182 млн доллар лоиҳаҳоро сармоягузорӣ карда, айни замон 3 лоиҳа ба маблағи 18 млн доллар амалӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *