Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Томас Гремингер

4 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо Дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Томас Гремингер мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро дар ҷодаи таҳкими ҳамкории муштарак ва таъмини сулҳу субот, амният ва рафоҳати фарогир иброз доштанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмуъи масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз қабили таъмини амнияти минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи сарҳадот, хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир, ки дар сархаташон терроризму экстремизм, тундгароии хушунатомез ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ меистанд, инчунин муборизаи муштарак бар зидди дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон мутобиқ ба принсипҳои САҲА ҷиҳати решакан кардани терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ хоҳони ҳамкорӣ мебошад ва мавқеи кишвари мо дар ин масъала кушоду равшан ва орӣ аз “меъёрҳои дугона” аст.

Изҳори умед карда шуд, ки дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд САҲА дар самти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи сарҳадоти мо, таҳкими ҳамкориҳо дар ченакҳои иқтисодию муҳити зист ва инсонӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла рафъи камбизоатӣ, мусоидати фаъол менамояд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин оид ба фазои бонизоми сиёсӣ дар Тоҷикистон, озодбаёнӣ, фаъолияти муназзами иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ақаллиятҳои миллӣ ва иттифоқҳои касаба табодули андеша сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *