Таҳқиқи марги донишҷӯи қазоқ дар Москва

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон феълан, аз ҷузъиёти таҳқиқи марги духтари донишҷӯи қазоқ, ки аз тирезаи донишгоҳи Москва ба замин афтод, хабар надорад.

«Тафтишот идома дорад ва феълан ҷузъиёти он дастрас нест», — навиштаанд расонаҳо аз қавли сухангӯи вазорат Ануар Жайнаков. Ба гуфтаи ӯ, волидони духтар ҳоло дар Москва қарор доранд ва онҳоро дипломатҳои қазоқ ҳамроҳӣ мекунанд.

Томирис Байсафаи 21-сола субҳи 3 май дар беморхонаи ёрии таъҷилии Склифосовскии Москва ҷон бохт. Ӯ 13 апрел, баъди афтидан аз ошёнаи чоруми бинои донишгоҳ бистарӣ ба бемористон бурда шуд.

Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин ҳодиса бо банди «Расонидан ба худкушӣ» парванда боз кардааст. Дар доираи он писари раиси ҳукумати пешини Доғистон Муртазолӣ Маҷидови 22-сола бозпурсӣ шудааст. Ба гуфтаи шоҳидон, Маҷидов пеш аз рух додани ҳодиса бо донишҷӯдухтари қазоқ дар синфхона буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *