Қаҳрамон Гулзодаро ҳомила карду кушт

 1-апрел дар кишвари мо ҳамчун “Рӯзи ханда” машҳур ва чеҳраи хурду калон дар ин рӯз ҳамеша хандон аст, аммо барои сокинони ноҳияи Спитамен имсол 1-уми апрел рӯзи ваҳшатзо гашт.

Дар рӯзи ҳазлу шӯхӣ дар ин гӯшаи диёри офтобиамон куштор рӯ дод. Куштори зан! Кормандони милитсия аз пайи кушодани ин ҷинояти вазнин шуда, дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як сокини деҳаи Лангари ҳамин ноҳияро бо гумони даст доштан дар қатли ин зан дастгир намуданд. Ин марди 31-сола қаблан бо моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанўз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст) суд шудааст, вале ба ҷойи ислоҳ шудан, баъди ба озодӣ баромадан, боз даст ба ҷиноят зад. Аҷибаш он аст, ки қотил ва ҷабрдида бо ҳамдигар бегона нестанд. Замоне ишқи ин ду нафар дар сар то сари ноҳияи Спитамен вирди забони хурду калон буд ва достони Лайлию Маҷнун дар пеши достони ишқи онҳо ҳеҷ менамуд, аммо ин ишқи пуровоза бо фоҷиа анҷом ёфт. Чаро Маҷнуни сонӣ даст ба қатли зане зад, ки замоне ӯро аз ҷонаш бештар дӯст медошт?

Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан роҳи макони ҳодисаро пеш гирифтем.

Нолаи зори модар

-Якуми апрел барои ҳама рӯзи ҳазлу хушӣ бошад, барои аҳли оилаи мо рӯзи сиёҳ гашт. Ин худобехабар (қотилро дар назар дорад) ҳанӯз дар синни 16-солагиаш духтари ноболиғи моро бо макру фиреб ба дом андохта, ҳомиладор намуд, дар 18-солагӣ бева кард ва билохира дар 27-солагӣ ҷавонмарг гардонд,-оҳи сард аз дили пурдард кашида мегӯяд модари зори Гулзодаи ғӯрамарг Орзугул Элмуродова, ки қалбаш аз ғаму дарду доғи духтари 27-солааш пора-пора гаштааст.

Мо аз модари аламзада хоҳиш кардем, ки достони ишқи пурҳангома ва пурхуни Гулзода ва Қаҳрамонро аз оғозаш ҳикоят намояд.

Бо фиреб ҳомила карду….

Духтарам ҳанӯз кӯдак ва ба қавле замони хокбозияш буд, вале ки Охун  (ин ҷавон ду ном дорад: Охун ва Қаҳрамон) бо макру фиреб ӯро ба домаш афтонда, дар байни мардуми деҳа бадном ва шарманда кард. Ин ҷавони шаҳватпараст, ки ҳамон вақт 20-сола буд, аз содагию зудбоварии духтари ноболиғи мо истифода бурда, шабу рӯз тӯтивор ба гӯшаш қиссаи ишқу муҳаббат мехондааст. Оқибати ишқи аблаҳона ҳамин гашт, ки духтари 16-сола ва ҳанӯз хому беақли мо аз ин ҷавони ишратпараст ҳомиладор шуда, дар чорроҳаи зиндагӣ сарсон шуд…

-Шумо аз ишқу ошиқии духтаратон бо Қаҳрамон огоҳӣ доштед? Ҳамчун модар ба интихоби фарзандатон чӣ гуна назар мекардед?

-Гулзода аз хурдӣ фарбеҳак буд ва камтар шикам дошт, аз ҳамин сабаб маро ғафлат зер карда, аз ҳомиладории духтарам бехабар мондам. Вақте ки Гулзода “чанд вақт шуд, ки ҳайзи надида истодаам” гуфт, якбора ба танам ларза афтид, зеро кам-кам гӯшам бод гирифта буд, ки духтарам Охун ном ҷавонро дӯст медорад. Пешомади бадеро эҳсос карда, бо дили аз ангишт ҳам сиёҳтар духтарамро ба назди гинеколог бурдам. Дар деҳа мардум якдигарро хуб мешиносанд ва гапи бад дар як дам даҳон ба даҳон гашта, овозаю дарвоза мешавад, аз ҳамин сабаб то ба беморхона расидан ҳоламро фақат худам медонистаму Худованд. Маро фикри ояндаи духтарам не, тарси шармандашавӣ азият медод, чунки барои падару модар рехтани обрӯи духтарашон ҳатто аз марг ҳам бадтар аст…

 

                 Кӯдаки 6- моҳа дар батни  кӯдаки 16- сола

Ҳеҷ аз ёдам намеравад, рӯзи 3-юми январ буд, вақте ки Гулзодаро ба назди гинеколог даровардам, рангу рӯйи худам аз ранги духтарам бештар канда, дар пойҳоям заррае ҷону мадор намонда буд. Аввалин саволи баъди муоинаи духтарам додаи гинеколог тарси маро дучанд кард. Духтур теғ кашида ба рӯям нигарист ва маънидорона пурсид:

-Ин духтаратон ё келинатон?

Аз ҳамин савол аллакай фаҳмидам, ки духтари беақл на танҳо худаш,  балки тамоми авлодамонро шарманда карда, сари ману падарашро дар назди дӯсту душман паст намудааст. Кӯдак, агар 1-2 моҳа мешуд, уболаш гирад ҳам, исқоти ҳамл мекардем, вале тифли батни духтарам аллакай 6-моҳа шуда будааст. Пеши чашмонамро сиёҳӣ зер кард, зеро то тавлиди кӯдак каме бештар аз ду моҳ вақт монда буду халос. Росташро гӯям, аввал мехостам духтарамро зада сару рӯяшро хуншор кунам, вале баъд фикр кардам, ки кори намешудагӣ аллакай шудааст ва дигар аз задану кӯфтан муроде ҳосил намешавад, барои ҳамин ӯро сахт гирифта талаб кардам, ки номи падари фарзандашро бигӯяд. Духтарам қасам хӯрд, ки ба ғайр аз ҳамин Охун дигар бо касе алоқа накардааст ва кӯдак аз ҳамон бача аст. Ҳомиладор шудани духтари ноболиғ худаш як шармандагии калон, ба болои ин, агар тифлаш дар хонаи худамон ба дунё ояд, боз ҳам шармандатар мешудем, аз ҳамин хотир аз беморхона рост ба хонаи падару модари ҷавон рафтам…

Ҳақиқатро гуфта, ҳақорат шунидам

Охун аз деҳаи Лангару  мо аз деҳаи Метарем, вале деҳаҳоямон, ки хурд ҳастанд, мардум ҳамдигарро хуб мешиносанд. Пештар аз забони ҳаққу ҳамсояҳо шунида будам, ки падару модари он ҷавон одамони хуб нестанд, вале ба ин гапҳо чандон аҳамият намедодам. Аввал хостам бо модари ҷавон як ба як суҳбат кунам, вале боз фикр кардам, ки агар бо чашми худаш набинад, шояд бовар накунад, аз ҳамин сабаб духтари ҳомиладорамро пеш-пеш када бурдам. Вақте ки вазъиятро ба модари ҷавон фаҳмондам, қиёматро қоим кард. Падару модари Охун ба ҳафт пушти мо дашному лаънат фиристода, чунон гап мезаданд, ки гӯё писари онҳо мусичаи бегуноҳ асту духтари ноболиғи ман бо макру фиреб ӯро ба домаш андохтааст. Дидам, ки бо ин одамони ҷанҷолӣ ин масъалаи нозукро ба хубӣ ҳал кардан бисёр душвор аст, бо як азоб худро ба даст гирифтам ва оромона гуфтам, ки ҳозир ба назди милиса меравам, бигзор аз рӯйи қонун ҷазои гунаҳкорро диҳанд. Волидони Охун баъди шунидани ин гап аз аспи ҷаҳл камтар фаромада, маро ба назди писарашон бурданд.

-Ҷавон сарпечӣ накард?

Вақте бо худи Қаҳрамон гап задам, иқрор шуд, ки Гулзодаи маро дӯст медорад ва ба номусаш дастдарозӣ кардаасту тайёр аст, ки бо риояи расму оин духтарамро ба никоҳаш дарорад, вале падару модараш ба тӯй розӣ нашуданд. Мо дигар ягон чора надоштем, аз ин рӯ маҷбур шудам, ки ба тақдир тан дода, духтари 16-солаамро бе карнаю сурнай ва тӯю тамошо, бевақаторӣ ба ин ҷавони айшу ишратпараст диҳам.

Арӯси хаппак

уносибати хусуру хушдоманаш бо Гулзода чӣ гуна буд?

-Дар хонаи шавҳараш Гулзода аз рӯзи аввал рӯз надошт. Хушдоманаш дар сари ӯ донак шикаста, сари ҳар як қадам гапҳои нешдори пасту баланд мезадааст ва духтарамро таҳқир мекардааст, вале Гулзода ягон бор дар ҷавоб даҳонашро намекушодааст. Ӯ худро гунаҳкор ҳисобида, ягон бор ба ман аз шавҳар ва хусуру хушдоманаш шикоят намекард. Аз забони дигарон мешунидам, ки Охун ҳар рӯз Гулзодаро бераҳмона мезанад, падару модараш бошанд, арӯси бепошна ва селовард гуфта, ҷони духтарамро ба лабаш мерасонанд. Ҳамсояҳояшон мегуфтанд, ки духтаратон дар он хона келин не, ғуломи таппа тайёр аст ва дар фасли зимистон бо шиками дамида бо хар ҳезум мекашонад. Мешунидам, оре мешунидам, ки дар хонаи хушдоманаш Гулзода ба ғуломи сиёҳ табдил ёфтааст ва дар баробари тамоми корҳои занонаро карданаш кору бори мардонаро низ ба ӯ мефармоянд, вале гӯшамро ба карӣ зада чизе намегуфтам, то ки зиндагиаш вайрон нашавад, аммо…

 Поёни ишқи хасакӣ

Тавре ки гуфтам, ҷониби қудо дар ҳодисаи ҳомиладоршавии Гулзода танҳо духтари маро гунаҳкор мекарданд. Ин одамони рӯзгордида ягон бор аз рӯи виҷдон намегуфтанд, ки охир писари мо ин кора намекард, кӯдак дар шиками ҳамин духтар пайдо намешуд, охир вай нав ба 16 даромада, ҳоло кӯдак аст, аз куҷо медонист, ки ишқ чисту ошиқӣ чист. Онҳо то ҷое, ки метавонистанд келинро азоб медоданд, вале Гулзода ба ҳамааш тоқат карда, рӯзи 14-уми март писар таваллуд кард. Ростӣ, мо умед доштем, ки бо дидани рӯйи набераашон дили падару модари Қаҳрамон ба келин гармтар мешавад ва муносибаташон бо Гулзода тағйир меёбад, аммо хаёламон хом баромад. Аҳли оилаи шавҳараш баъди таваллуди кӯдак боз ҳам бераҳмтар гаштанд. Охун пеш аз никоҳ ваъда дода буд, ки баъди ба балоғат расидани духтарам никоҳашонро расмӣ мекунад, вале баъди ба дунё омадани кӯдак аз фикраш гашта гуфт, ки бо Гулзода ЗАГС карданӣ нест.

 Талоқ дар 18-солагӣ

Одамони бегона дар кӯча маро бинанд, лаб газида мегуфтанд, ки ҳой занак, рафта духтаратро биёр, ки ягон рӯз дар зери мушту лагади шавҳараш мемурад ё аз ғаму ғурбати бисёр худашро бе дор меовезад. Дидам, ки рӯзи духтари бадбахтам дар он хона аз рӯзи саг ҳам бадтар аст, илоҷи дигар наёфта, Гулзодаро бо фарзандаш ба хона овардам. Дигарон дар 18-солагӣ пероҳани арӯсӣ ба бар карда, хушбахт шаванд, духтари беақли ман дар давраи шукуфоии умраш аз шавҳараш талоқ гирифта, дар 18-солагӣ номи бади бевагиро гирифт…

Арӯс аз Русия

 —Мегӯянд, ки Гулзода ба шавҳар баромадаасту шавҳари якумаш ба ин тоқат накарда, аз рашк ӯро ба ҳалокат расонидааст… ?

Аввал худи Қаҳрамони булҳавас барқасди Гулзода аз Русия зан овард. Духтарам бо умед буд, ки як рӯз не, як рӯз ақли шавҳараш ба сараш мезанад ва омада ӯро бо писарчааш мебарад, вале Охун дарҳол ишқу муҳаббат ва қавлу қасамҳояшро фаромӯш карда, аз Русия зан овард. Зани рус. Фақат баъди дубора хонадор шудани шавҳараш Гулзода ин ҳақиқати талхро қабул кард, ки онҳо аз ҳамдигар ҷудо шудаанд ва дигар ҳаргиз бо ҳам омада наметавонанд…

-Чаро Қаҳрамон занашро партофта, дубора думболи Гулзодаро гирифт?

Вай бо зани наваш хеле зиндагӣ карда, соҳиби ду писар гашт, вале аз рӯйи шунидам ситораи келини нав низ ба модараш писанд наомад.

Аз таги борон ба зери новадон

Баъди зан гирифтани шавҳараш ман Гулзодаро маҷбуран ба шавҳар додам, то мардум нагӯянд, ки шӯяш зан гирифту инро ҳеҷ кас суроғ намекунад. Хатои дуюми ман ҳамин буд, ки боз гапи мардумро фикр карда, нодидаю насанҷида, гул барин духтарро ба як майзада додам. Гулзодаи бебахт ба қавли кампиракон аз борон гурехта ба новадон афтид ва бо ин марди майзада ҳамагӣ ду моҳ зиндагӣ карда ҷудо шуд. Дили духтарам баъди шикасти дубораи бахташ аз ҷинси мард чунон хунук шуд, ки рӯйи ягон мардро дидан намехост. Вай ба худаш қавл дод, ки дигар ҳаргиз шавҳар намекунад ва боқии умрашро ба тарбияи писари ягонааш сарф менамояд, аммо…

Дили мардона дошт, аммо…

Барои он ки писараш миннатшунав нашавад, Гулзода ҳамроҳи ману падараш ба Русия рафт. Дар он ҷо духтарам баробари мардҳо меҳнат мекард, вале мо намемондем, ки хурду хӯрок харад. Мани бадбахт ба Гулзода маслиҳат додам, ки ба пулаш фақат тилловорӣ харад, чунки нархи тилло ҳеҷ гоҳ паст намешавад. Ба гапи ман даромада, духтарам ба тамоми пулҳои дар Русия кор кардааш ҷавоҳироти тиллоӣ харид, то дар вақти зарурат фурӯхта, маблағи онро ба писараш сарф кунад…

Бозгашти Маҷнун

-Гулзода бо собиқ шавҳараш дар Русия вохӯрд?

Не, баъди аз Русия баргаштанамон Охун дубора аз паси Гулзода шуд. Дар ин миён байни ӯ ва ҳамсараш чӣ гапе гузашт, ки зани русашро бо ду писараш бурда дар Русия партофту худро муҷаррад ҳисоб карда боз ба шикор баромад.

-Муносибати шумо ба бозгашти Маҷнуни бевафо чӣ гуна буд? Мехостед, ки духтаратон бо собиқ шавҳараш оштӣ шавад?

-Намехостам. Қатъиян намехостам, вале ҳамон шабу рӯз мо дар Русия будему Гулзода дар Тоҷикистон. Аз чанд кас қарздор будем, аз ҳамин хотир, ӯро ба хона фиристодем то пули қарздоронро бурда диҳад, вале баъди бозгашташ Қаҳрамон боз думболи Гулзодаро гирифтааст. Вақте духтари хурдиам занг зада “Охун боз дар деҳаю гирд-гирди Гулзода парвона шуда гаштааст” гуфт, ба Гулзода занг зада таъкид намудам, ки мабодо падари фарзандам гуфта боз ба макру ҳилаҳои нави шавҳараш дода нашавад, ки аз ин бача ҳаргиз одамгарӣ намебарояд. Гулзода ба ман ваъда дод, ки худашро аз Қаҳрамон дур мегирад, вале…

Вохӯрии хунин

Аз рӯйи шунидам Гулзода ба Охун тамоман аҳамият намедодааст. Вай чун мебинад, ки бо хушомадзанӣ дили занашро дигар ба даст оварда наметавонад, роҳи дигарро пеш гирифта, мегӯяд, ки ҳарчи набошад, ман падар ҳастам ва писарамро пазмон шудаам. Як бор писарамро ба шаҳри Хуҷанд биёр, то ки ӯро ба оғӯш гирифта аз бӯяш сер шавам. Гулзода ба ҳамин найранги Охун дода шуда, бо мошини шахсии худаш писарашро ба шаҳри Хуҷанд мебарад, то падараш ӯро бубинад. Намедонам Қаҳрамон ба гӯши Гулзода чӣ гуфту чӣ қиссаҳои ошиқона  хонд, ки духтарам аз нав ошиқи шайдо шуда, рӯзи -1-уми апрел ягон касро хабар накарда, тамоми тиллою зару зеварашро овехтаю худро ба мисли арӯс зебо карда ба мулоқот меравад, вале…

Модар инони ихтиёр аз даст дода, зор-зор гиря кард ва баъди ним соат гириста, дилашро каме холӣ кардан, нақлашро идома дод:

-Аз рӯйи шунидам, Охун аввал Гулзодаи моро бо фиребу найранг ба як дашти калон бурда, мурданивор задааст, баъд аз мошин ба ҷарӣ партофтааст, вале дидааст, ки ҳанӯз ҳам зинда асту нафас мекашад, бо дастони касифаш гулӯяшро буғ карда, ӯро бо азобҳои зиёд куштааст. (Модар боз мегиряд, чунон пуралам мегиряд, ки ҳатто дили санг ҳам об мешавад, вале афсӯс, ки бо гиря мурдаро зинда карда намешавад)

Ба фикратон чаро домодатон ин корро кард? Шояд шавҳараш ба Гулзода ягон қасд дошт ва бо ҳамин роҳ интиқом гирифт?

Гуноҳи ягонаи духтарам ҳамин буд, ки Қаҳрамонро бо ҳама бадиҳояш дӯст медошт ва бе тӯй аз ӯ ҳомиладор шуда, писар таваллуд кард. Дигар ягон гуноҳ надошт. Ман фикр мекунам, ки Қаҳрамон ба хотири тилловориҳояш Гулзодаро куштааст, чунки ҷасадро ёфта бошем ҳам, мо аз зару зевари Гулзода ягон ному нишон наёфтем. Намедонам, ки пеш аз куштан Охун тилловориҳои Гулзодаро кашида гирифтааст ё баъди анҷом додани кораш, вале зару зевари духтарамро соҳибӣ кард. Ман парвои тилло надорам, вале дилу ҷигарам то рӯзи қиёмат барои фарзандам мисли гулхани абадӣ месӯзад. Қаҳрамон, агар тамоми зару зевари духтарамро кашида мегирифту ҷонашро дар амон мемонд, гуноҳашро мебахшидам, вале ин нокас ҳатто андешаи тақдири ояндаи фарзандашро накарда, бераҳмона ҷони Гулзодаи моро ситонидааст. Дуо мекунам, ки Худованд ҳам дар ин дунё ва ҳам дар он дунё азобҳои кашидаи Гулзодаро ба ӯ нишон диҳад, то фаҳмад, ки азоб чӣ будааст…

Модар боз ба нола даромад. Вай ончунон талх нола мекард, ки ҳатто дар чашмони писарчаи 4-солаи Гулзодаи ғӯрамарг низ ашк ҳалқа зад. Ҳоли ин тифлаки бегуноҳу ин модари зор қариб як моҳ боз ҳамин аст. Бибию набера паҳлу ба паҳлу нишаста рӯз то бегоҳ гиря мекунанд. Яке дар хумори модар бо алам мегиряд, дигарӣ дар ҳасрати фарзанд. Худованд чунин рӯзи сиёҳро ба ҳеҷ кас нишон надиҳад!

Марди занкушро чӣ интизор аст?

   Гунаҳкори мусибати модари зор ва оҳи сарди тифлаки ятими Гулзодаро чӣ интизор аст? Марди бо зиндон хӯ гирифта, ки чанд соли умрашро дар паси панҷара гузаронида бошад ҳам, сабақ нагирифта, дубора даст ба ҷиноят зад, ин навбат барои одамкушӣ ҳабс мешавад? Қаҳрамон танҳо ба хотири тилло занашро бераҳмона ба қатл расонд ё ягон қасди дигар дошт? Шавҳари бераҳмаш зару зевари Гулзодаро пеш аз куштани ӯ кашида гирифт ё баъди маргаш? Қотил танҳост буд ё ягон шарик низ дорад?

Хонандагони азиз, мову шумо ба ин ва дигар саволҳо танҳо баъди ба анҷом расидани тафтишоти ин парвандаи пурсару садо посух гирифта метавонем.  Интизор бошед, баъди баромадани ҳукми суд мо ба ин мавзӯъ баргашта, шуморо бо ҷузъиёти дигари ин куштор ошно хоҳем кард.

Фарзона Муродӣ,

Хуҷанд-Спитамен-Хуҷанд

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *