Мулоқоти намояндагони ВКД бо устодону донишҷӯёни ДСХ

Дар толори маҷлисгоҳи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон мулоқоти кормандони Вазорати корҳои дохилӣ бо устодону донишҷӯён доир гардид.

Дар ин мулоқоти судманд бо намояндагӣ аз Вазорати корҳои дохилӣ-муовини роҳбари гуруҳи «Авангард»-и назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродов Саидҷамол Давлатович,  корманди Хадамот оид ба кор бо ноболиѓон ва ҷавонон Одинаев Исломиддин, аъзои фаъоли гуруҳи «Авангард» Табарова Таманно иштирок ва суханронӣ карданд.

Ҷамъомадро муовини ректори донишкада Баҳриддин Ҷабборов ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мулоқоти мазкур идомаи мантиқии силсиламулоқотҳои кормандону масъулони сохторҳои қудратию низомии мамлакат бо устодону донишҷӯён мебошад. Мулоқоти имрӯза фарогири масоили мубрами рӯз- масъалаҳои гаравиши ҷавонон ба гуруҳу ҳаракатҳои ифротгаро, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳамкории мақомоти қудратӣ бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирии зуҳуроти номатлуб ва халалдорсозандаи осудагии ҷомеа ва амсоли инҳо мебошад. Суҳбату мулоқотҳо бо чавонону наврасон, ҳамчун қишри асосӣ ва пешбарандаи ҷомеа ва бо ин васила ба корҳои ободкориву созандагӣ раҳнамун сохтани онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Ҳамин аст, ки  Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми мулоқоту вохӯриҳояшон ба сиёсати давлатии ҷавонон ва фаъолияти бевоситаи онҳо рӯй оварда, даъват ба амал меоранд, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, фирефтаи ваъдаҳои холиву ҳавасмандии моливу пулии “хоҷагони хориҷӣ” нагарданд ва тамоми дониш, малакаву маҳорати худро дар роҳи ободии ватани хеш сарф намоянд.

Дар идомаи ҷамъомад  муовини роҳбари гуруҳи «Авангард»-и назди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродов Саидҷамол Давлатович иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ин ҷавононро хуб тарбия кардан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намудан аст ва ин вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа мебошад. Зеро, ҷавонон ободгари Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлоламон мебошанд.

Новобаста аз бунёди шароитҳои мусоиди таълиму тарбия, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон чиҳати татбиқи максадҳо ва ташаббусҳои наҷибу бунёдкорона мушкилоти дигаре пешорӯи мост, ки он ҳам   тамоюл ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоист. Сатҳи поёни маърифатнокии бархе аз ҷавонон ва мавҷуд набудани низоми дурусти тарбияи ахлоқӣ дар миёни насли наврас боиси падидор шудани ин зуҳуроти номатлуб дар байни қишри ҷавон мегардад.

Табарова Таманно-аъзои фаъоли гуруҳи «Авангард» андешаҳояшро нисбат ба пешгирии ҳолатҳои терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон, аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ,   тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ ва тарғиби идеологияи солим дар байни ҷавонон, ҳамзамон татбиқи чораҳои мақсадноку ҳадафманд дар самти тарбияи худшиносию ифтихори миллӣ ва ватандӯстии ҷавонон иброз намуд.

Дар фароварди ҷамъомад миёни меҳмонон ва устодону донишҷӯён суҳбати хоса ва судманд сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *