Сарватмандтарин варзишгари дунё кӣ аст?

Маҷаллаи маъруфи Forbes рйтинги варзишгарони пулкалони дунёро нашр кардааст.

Дар садри ин рӯйхат баскетболбоз Майкл Ҷордан будааст. Ба иттилои маҷалла, дар тамоми карераи худ ӯ 1,7 миллиард доллар кор кардааст.
Ҷордан дар давоми 15 мавсими бозӣ дар ҳайати дастаҳои “Chicago Bulls” ва “Washington Wizards” 93 миллион доллар маош гирифтааст. Аммо ҳоло дар дорираи созишномаи рекламавӣ бо Nike солона 100 миллион доллар мегирад.

Голфбозҳо Тайгер Вудс бо 1,65 миллиард доллар дар зинаи дуюм, Арнолд Палмер бо 1,35 миллиард дар мақоми сеюм ва Ҷек Никлаус бо 1,15 миллиард дар чойи чорум мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *