Боздошти модаре, ки писари навзодашро фурӯхтааст
Дар шаҳри Кӯлоб зани 25-соларо бо гумони хариду фурӯши кӯдак боздошт намуданд.
Дар шаҳри Кӯлоб зани 25-соларо бо гумони хариду фурӯши кӯдак боздошт намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Тавре манбаъ иттило медиҳад, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 25-солаи сокини н.Муъминобод, бо гумони хариду фурӯши ноболиғ дастгир карда шуд.
“Номбурда, 9-уми июни соли 2019, дар таваллудхонаи марказии ш.Кулоб тифли навзод ҷинсаш мард таваллуд карда, баъдан бо маслиҳати пешакӣ бо зани 44-солаи сокини н.Восеъ, тифли навзодашро ба маблағи 1.050-сомонӣ ба зани 57-солаи сокини н.Муъминобод, фурӯхтаанд”, — омадааст дар иттилоия.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ