Муъминобод: Писари ҳафтсола зери сел монда, ба ҳалокат расид

Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон кӯдаке зери сел мондаву ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “31-уми моҳи марти соли 2023 тахминан соати 12:55 дақиқаи вақти маҳаллӣ сокини 7-солаи деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бо мақсади расонидани ғизо ба бародараш, ки дар куҳҳо чорвобонӣ мекард, зери сел монд ва ба ҳалокат расид. Ин сел бар асари борони пуршиддат аз доманакуҳҳо ҷорӣ шуд”.

Ҷасади кӯдак аз ҷониби сокинон пайдо карда ва ба волидонаш супурда шудааст.

КҲФ ба пайвандони қурбонии сел изҳори тасаллият карда, ҳамзамон ба падарону модарон муроҷиат намудааст, ки фарзандонашонро дар чунин рӯзҳои боронӣ эҳтиёт намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *