Ҷаримаи шаҳрванд барои худсарона сохтани истгоҳ

Сокини шаҳри Ваҳдат Афзалшоҳ Сафарзода барои сохтани истгоҳ 7480 сомонӣ ҷарима шудааст. Дар ин бора Прокуртураи генералӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, “ӯ бархилофи талаботи моддаи 2-и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни қарори раиси шаҳр ва шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин худсарона майдони умумии 28,6 метри мураббаъ қитъаи замини мансуб ба заминҳои истифодаи умумро ғасб намуда, ғайриқонунӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ таҳкурсии бетонӣ рехта, бо хишт истгоҳи автомобилӣ сохтааст”.

Гуфта мешавад, ки гумонбар худсарона ин корро кардааст, аммо назари худи ӯ маълум нест.

Ӯро бо моддаи 338-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор медонанд ва Суди шаҳри Ваҳдат бо содир намудани ҳукм ба андозаи 110 нишондиҳанда ҷарима бастааст, ки 7480 сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *