Куштор

Муноқиша дар Рӯдакӣ. 11 сол ҳукми хонандаи мактаб пас аз қатли ҳамсолаш

Хонандаи синфи 8-ум дар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон — “авбошӣ ва куштор”, гунаҳкор дониста шуда, 11 сол равонаи зиндон гардид.

Бино ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ҳодиса дар пайи як муноқишаи гурӯҳӣ байни хонандагони синфҳои 8 ва 9 -и як мактаби ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳам як муассисаи таълимии шаҳри Душанбе сар задааст.

Занозании хонандагон дар рӯйи пули дарёи Элок, дар ноҳияи Рӯдакӣ сурат гирифта, бо кордкашӣ анҷом ёфтааст. Ба иттилои Прокуратураи генералии Тоҷикистон, занозанӣ байни наврасон тобистони соли гузашта рух дода, ҳукми навраси гумонбараз тарафи Суди Олии Тоҷикистон 10- уми январ эълон шудааст.

Дар ин занозанӣ Колдашев А.А, хонандаи синфи 8-уми мактаби рақами 15-и ноҳияи Рудакӣ аз зарби корд дар қафаси синааш ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми Суди Олӣ навраси гумонбар ба 11 соли зиндон «бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои тарбиявии низомаш умумӣ» маҳкум карда шуд.

Солҳои охир муноқиша байни наврасону ҷавонон бештар шудааст. Ниҳоят муноқишаҳои мактабӣ боис ба куштаву захмӣ шудани чандин хонандаи мактаб ҳам гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *