Муноқиша дар марз, кӣ гунаҳгор?
Дар пайи муноқишаи рӯзи 4-уми июн дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ноҳияи Лайлак, ҷониби Қирғизистон се марзбони тоҷикро бо чаҳор автомати “Калашников” ба ҳудуди худ бурда буданд.
Мақомоти вилояти Суғд мулоқоти раҳбарони нерӯҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистонро “умедворкунанда” номиданд. 6-уми июн, пас аз ду рӯзи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мақомоти баландпояи марзбонии ду кишвар бо ҳам гуфтугӯ карданд.Рустам Раҳматзода, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 6-уми июн бидуни ироаи тафсилот ин мулоқотро умедворкунанда номид. Ӯ гуфт, “ҷониби Тоҷикистон тарафдори хуб боқӣ мондани муносибат бо ҳамсояҳо аст. Ин мулоқот дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор шуда, натиҷаҳояш хуб хоҳанд буд”.Раҳматзода ибрози умед кард, ки танишҳо ба ҳамкориҳои дуҷониба халал ворид намекунад. Ӯ гуфт, ҳамкории мақомоти маҳаллии ду тараф хуб аст, вале зоҳиран аз ҷониби марзбонони қирғиз тайи чанд вақти ахир ҳангомаҷӯӣ ба назар мерасад.“Дар ҳамкориҳои мо бо мақомоти маҳаллии кишвари ҳамсоя ҳеҷ мушкил ҷой надорад. Дар ин ҳодиса аз ҷониби марзбонони қирғиз носозгориҳо шуд. Барои ҳамин, масъаларо дар сатҳи марзбонӣ баррасӣ мекунанд. Дар сатҳи маҳалҳо ягон мушкили ҷиддӣ вуҷуд надорад. Дар ҳақиқат, аз ҷониби марзбонони қирғиз кӯшиш нооромкунӣ ба назар мерасад, вале талош мекунем, ба иғво дода нашавем. Вохӯрие, ки имрӯз шуд, умедворам, ба чунин нофаҳмиҳо нуқта мегузорад. Маҳалле, ки дар онҷо баҳс шуд, хоки Тоҷикистон аст ва он майдони футболи як мактаби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад”, — гуфт Рустам Раҳматзода.Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон анҷоми мулоқотро тасдиқ кард, вале гуфт, наметавонад ҷузъиёт бидиҳад.Як манбаи огоҳ аз қазия бидуни зикри номаш гуфтааст, ки дар мулоқот ҳеҷ як ҷониб гунаҳкор будани худ дар сар задани муноқишаро эътироф накардаанд. Вале дар поёни мулоқот ваъда додаанд, ки ҳодисаро мунсифона таҳқиқ мекунанд.Сарбозоне, ки ба асорати марзбонони қирғиз афтода буданд, аз ҷониби додситонии низомии вилояти Суғд бозпурсӣ мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ