Дуди “Мерве” баромад

6-уми июн каҳвахонаи маъруфи «Мерве» воқеъ дар маркази шаҳри Душанбе, ба коми оташ рафт.

Масъулин ва мақомот мегӯянд, ҳеҷ нафаре дар ин ҳодиса осеб надидааст. Таҳқиқи сабабҳои сӯхтор дар яке аз маъруфтарин нуқтаҳои ғизохӯрии шаҳри Душанбе шурӯъ шудааст. Фарзияи аввала — расиши ноқили барқ мебошад.Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, чаҳор мошини оташхомӯшкунӣ ва ду мошини обкаш барои фурӯ нишондани сӯхтор ба маҳал омаданд.Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ВКД Тоҷикистон 6 июн гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд оташсӯзӣ аз овезаи таблиғотии болои даромадгоҳи «Мерве» сар задааст ва дуди он то дохили толори қаҳвахона ва хонаҳои истиқоматии ин биноро фаро гирифтааст. Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури дохилӣ, ин овезаи таблиғотӣ бо чароғагҳо муҷаҳҳаз буд ва шояд сабаби сӯхтор ба ҳамин сабаб арзёбӣ мешавад. «Сабаби ниҳоӣ дар пайи таҳқиқи ин ҳодиса боз дақиқ карда мешавад», — афзуд вай.Кормандони қаҳвахонаи «Мерве» гуфтаанд, ки дохили толор ва ошхонаи қаҳвахона дар ин оташсӯзӣ осеби ҷиддие набардоштааст. ​»Мерве» як ошхонаи маъруфи туркӣ дар шаҳри Душанбе мебошад ва аз авоили солҳои 2000-ум дар пойтахти Тоҷикистон фаъолият мекунад. «Мерве» дар соли 2014 аз сӯи шаҳрдории пойтахт беҳтарин ошхона эътироф шуда буд. Ин ошхона дар яке аз маҳалла ва хиёбонҳои серодами шаҳри Душанбе ҷойгир буда ва аз макони сермуштарӣ дар пойтахт ба шумор меравад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *