Муноқишаи ҳамқадаҳҳо бо куштор анҷомид
Чуноне ВКД хабар медиҳад, 09.02.с.2018, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ду нафар марди 46 ва 45-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат, 8-уми феврали соли 2018, тахминан соати 21:00-дақиқа, дар манзили истиқоматии марди 45-сола, ки бо корҳои сохтмонӣ машғул буданд, ҳангоми хӯроки шом, нӯшокиҳои спиртиро истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, марди 45-сола бо корди хоҷагӣ, 1-маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи марди 46-сола задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ