Бадмасти табарзан ба даст афтод

Бино ба маълумоти ВКД, Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар шаҳри Конибодом марди 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви ҳамин шаҳрро бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

Тафтишот муайян намуд, ки номбурда, 7-уми феврали соли равон, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар бошишгоҳи саҳроии “Солиҷон”, воқеъ дар деҳаи Ниёзбеки шаҳри Конибодом, дар ҳолати мастӣ қарор дошта, бо марди 28-солаи ҷамоати деҳоти Шарифов, ҷангу ҷанҷол карда, бо табарчаи дар дасташ буда, ба аъзои бадани ӯ задааст.
Бо рух додани чунин ҳодиса марди ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона қарор дорад.
Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *