Муноқишаи оилавӣ бо куштор анҷомид

Рӯзи 11-уми феврали соли 2018, тахминан соати 08:00-дақиқа ба ШВКД дар ноҳияи Бохтар хабари телефонӣ расид, ки шахси номаълум марди 33-солаи сокини деҳаи Қизилпартизони ноҳияи мазкурро дар хонаи истиқоматиаш ба воситаи олоти халандаю буранда зада, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.

Номбурда, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини ҷамоати деҳоти Бостонқалъаи ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаҳои 240, 220, 89, 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир гардид.
Муайян карда шуд, ки номбурда дар ҳолати мастӣ аз сабаби муноқишаи оилавӣ қасдан бо корд ба ӯзвҳои бадани ҷабрдида зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи модддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *