Аз 1-уми март бақайдгирии довталабон оғоз меёбад

Ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2018 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур тасдиқ гардид. Дар ин  аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.

Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон вобаста ба шаҳру ноҳияҳо дар соли 2018 ва ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон таҳия гардидааст, барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 38 шаҳру ноҳияи интихобии ҷумҳурӣ 42 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 14 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд.

Ба иттилои масъулини Маркази миллии тестӣ, бақайдгирӣ (марҳалаи асосӣ) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз 1 марти соли равон оғоз мегардад.

Мувофиқи тартиби муқарраргардида, он бо ҳузури довталаб, новобаста аз ҷойи истиқоматаш, дар ҳар кадом аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи ҷумҳурӣ сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *