Мунтахаби Тоҷикистон бидуни рақобат ба финали “Ҷоми Mердека-2023” роҳ ёфт
Кумитаи тадорукоти мусобиқаи «Ҷоми Мердека-2023» ба қолаби мусобиқа тағйирот ворид намуд.
Қарор буд, ки дар даври нимниҳоии мусобиқот дастаи мунтахаби Фаластин 13 октябр бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ намояд, вале дастаи мунтахаби Фаластин бо сабаби низоъҳои дохилии кишвараш, дар ин мусобиқот иштирок намекунад.Аз ин рӯ , дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол пеш аз муҳлат ба финали «Ҷоми Мердека-2023» роҳ ёфт.
Дирӯз (10 октябр) дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи «Ҷоми Mердека-2023» дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт дар Малайзия нахустин тамринҳои худро анҷом дод. Аз 23 бозингаре, ки барои иштирок дар ин мусобиқот даъват шудаанд, 18 нафарашон ҳоло дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳастанд.
Мунтахаби Тоҷикистон 17 октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур бо ғолиби даври нимниҳоӣ байни дастаҳои мунтахаби Малайзия – Ҳиндустон рақобат менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ