Боз заминҷунбии шадид дар Ҳирот

Субҳи 11-уми октябр бори дигар дар ғарби Афғонистон заминҷунбии сахт ба қайд гирифта шуд. Пас аз зилзилаи пурталафоти рӯзи шанбе, ин бори дигар аст, ки дар Ҳирот рух медиҳад.

Бино ба иттилои расида, то кунун 95 захмӣ ва як шахси фавтида бар асари ин зилзила аз атрофи шаҳри Ҳирот ба ин бемористон оварда шуданд.

Мошинҳои «Ёрии таъҷилӣ» ба ноҳияи Риботи Сангӣ, дар чиҳилкилометрии шимоли шаҳри Ҳирот, маконе, ки маркази зилзила дониста мешавад, фиристода шудаанд. Омори талафот дар ҳолати  тағйир аст.

Тибқи гузоришҳо, бар асари ин зилзила бархе хонаҳо дар шаҳри Ҳирот вайрон шудаанд.

“Озодӣ” дар такя ба хабаргузории «Рейтерз» ва Маркази таҳқиқоти заминшиносии Олмон гузориш додааст, ки нерӯи ин зилзила монанд ба зилзилаи рӯзи шанбеи гузашта 6,3 дараҷа буд ва субҳи имрӯз дар 34-километрии шимоли шаҳри Ҳирот рух дод.

 Маркази ин зилзила дар умқи даҳ километрии замин шиносоӣ шудааст. Идораи заминшиносии Амрико низ таъйид кардааст, ки нерӯи ин зилзила 6,3 дараҷа буд.

Зилзилаи рӯзи шанбеи гузашта, ки маркази он ноҳияи Зиндаҷони вилояти Ҳирот буд, боиси ҳалокати садҳо нафар шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *