Муомилоти ғайриқонунии доруворӣ пешгирӣ шуд
Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе воридот ва муомилоти ғайриқонунии маводи дорувориро ошкор ва пешгирӣ намуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, ҳангоми гузаронидани амалиёти гумрукӣ аз тарафи кормандони Шуъбаи ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе маълум гардид, ки намояндаи тиҷоратии филиали ширкати «Курамакс» ЛТД шаҳрванд И.Г. бо супориши директори филиали ширкати «Курамакс ЛТД»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати намояндаи тиҷоратӣ фаъолият намуда, бо мақсади муомилоти ғайриқонунии маводи доруворию молҳои тиббии бесифат ва ба талаботи стандартҳои муқарраргашта ҷавобгӯ набударо бар хилофи талаботи стандартҳои меъёрию-ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияти фармасевтӣ амалкунанда, дар ҷои нигаҳдории воситаи нақлиёт (гараж)-и иҷора гирифтааш бо мақсади минбаъд ба муомилот баровардан ғайриқонунӣ ҷойгир менамояд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, аз анборҳои муваққатии И.Г. маводи доруворию молҳои тиббии гуногунтамға, аз қабили ҳабҳои тамғаи «Мефипристон-25 мг», «Мизопростол», «Спазмалгон», хокаҳои (порошок)-и тамғаи «Фарамакс», капсулаҳои тамғаи «Тангкат Али Платинум», «Сила Императора», «Эссенциале форте Н», сӯзандоруи 1 гр., система барои гузаронидани маҳлулҳои инфизионӣ ва ғайра дар ҳаҷмҳои гуногун ёфта гирифта шуданд.
Мувофиқи хулосаи ташхиси Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи дорувории гирифташуда барои ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон зарар дошта, барои истифодаи онҳо иҷозат дода намешавад.
Аз рўи ин ҳодиса нисбат ба И.Г. ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ