Устодони ДСХ: Стив Свердлов сиёсати муғризона дорад!

Ҳайати омӯзгорон ва профессорони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон вобаста ба  мақолаи HRW: ”Тоҷикистон дар умқи бӯҳрони ҳуқуқи башар қарор дорад” вокуниш нишон додаанд. Матни пурраи он, ки  ба  унвонии “Tajikistantimes.com» ирсол гардидааст, пешкаши хонандагон мегардад:

-Таҷрибаи талхи замони имрӯза собит менамояд, ки  ҳоло кишварҳои абарқудрати ҷаҳон зимни талошҳо ва бозиҳои касифи геополитикӣ усулҳои наверо истифода бурда, қисме аз ҷомеаро бо дигараш ба гирдоби  ҷанг мекашанд. Усули асосии чунин тарзи амалишавии ин гуна талошҳо истифодаи дини мубини ислом, аз ҷумла муллоҳо ва руҳониён дар минтақаҳои мухталифи Шарқ ба ҳисоб меравад. Ташкилоти ғайридавлатии Human Righth Watch  ва Стив Свердлов-  муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони Human Righth Watch аз ҷумлаи нафароне мебошанд, ки чунин сиёсати муғризона   ва бадбинонаеро нисбати баъзе давлатҳо пеш мебаранд. Ин «ҳомиён»- ҳуқуқи башар ҳамон «ҳомиёне» мебошанд, ки чунин  «пуштибонии»  худро  қаблан дар мамолике чун Ироқ, Афғонистон, Сурия ва ғайра оғоз намуда буданд. Чун ғарази онҳо танҳо оғоз бахшидан ба даргириҳо ва нобасомониву ҷангҳои шаҳрвандӣ  дар  манотиқҳои  зикршуда  буд, баъди  саршавии табаддулоту харобиҳо дар он кишварҳо ва ҳалокати  ҳаррӯзаи  аҳолии   он  сарзаминҳо «эътироз» ва «пуштибонии» ин «ҳомиёни ҳуқуқи башар» нисбати он сарзаминҳо ва мардуми он зуд хомӯш гардид. Акнун онҳо даъво намекунанд, ки чаро аҳолии осоиштаи ин мамлакатҳо ҳар рӯз ба таҳқиру  ҷароҳатбардориву ҳалокатҳо дучор мешавад?

  Қаҳрамонони  филми мустанади “Тоҷикистон мунаққидонро дар дохил ва хориҷ шикор мекунад”, ки дар мақолаи “HRW:Тоҷикистон дар умқи бӯҳрони ҳуқуқи башар қарор дорад” атрофи он баҳс меравад  фаъолони собиқ ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” аз ҷумлаи нафароне буданд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон  танҳо хизмати чунин ташкилоҳои ғайридавлатӣ ва хоҷагони хориҷиро иҷро мекарданд.  Хайрхоҳони  ҷаноби Кабирӣ дар давлатҳои ба мо дӯст,   бояд ҳушдор бошанд, ки дар саромади ҳодисаҳои хунбори солҳои 90 – уми асри ХХ, куштори олими шинохтаи тоҷик Б. Исҳоқӣ, журналисти варзида Отахон Латифӣ, академикҳо М. Осимӣ,  М.Ғуломов ва даҳҳо дигарон, ки зидди таассуби  динӣ  ва хурофот буданд,  маҳз аз рӯи сенарияи таҳия гардидаи кабириҳо рух доданд.  Мо дар тааҷҷубем, ки “дӯстони мо”  дар хориҷи кишвар  нодида мегиранд, ки дар саргаҳи ҳодисаҳои моҳи сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе маҳз ҳамин ҷаноб ва ҳаммаслакони ӯ меистоданд. Маблағгузории гуруҳҳои террористии Назарзода, байрақбардорони ДИИШ дар як қатор ноҳияҳои Тоқикистон  низ бар дӯши қаҳрамонони ин филм ( аз ҷумла Кабирӣ) аст. Магар вазъи ҳуқуқи башар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб нест, агар хуб намебуд чаро мардуми давлати азизи мо бо якдилӣ  ва ягонагӣ  хушбахтии худро доимо тариқи расонаҳои хабарӣ ва умуман дар ҳама воситаҳои ахбори омма, дар кӯчаву маконҳо  нишон медиҳанд. Шумо ба симои мардуми шарифи Тоҷикистон нигаред, агар бино бошед онҳо хушбахтанд ва чеҳраи хушбахти онҳо аз ҳаёти ободу осуда дарак медиҳад. Шумо агар симои мардуми азияткашидаи моро дар солҳои 1991 медидед ва онро бо зисту зиндагонии имрӯзаашон муқоиса мекардед ҳамааш аён мешуд. Аз ин ҷанобон ( бахусус Стив Свердлов)  пурсиданием:  магар  шумо бехабаред, ки  маҳз сохторҳои ҳизби террористии мамнӯъи Кабирӣ (ҲНИТ)  ҷавонони камтаҷрибаи тоҷикро ба Суриё баҳри ҷиҳоди сохта равон намудааст? Магар шумо намедонед, ки кабириҳо дар байни мусулмонони Тоҷикистон мехоҳанд ҷудоиандозӣ намоянд?  Ва ниҳоят,  як далели ҷадид: баробари гузоштани пои нопоки кабириҳо муносибати байни шиамазҳабҳову суннамазҳабҳо  муташанниҷ гашт.

    Лозим ба ёдоварист, ки  дар кадом давлати демократии дунё кадом як ҳизб ё ҳаракати иҷтимоӣ кӯшиши ғасби давлатро мекунанду сохторҳои расмии давлатӣ ба ин падида беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Барои чӣ Амрико манфиатҳои худро дар ҳазор фарсах дуртар аз ҳудудаш, масалан, дар Афғонистон  ё  Россия дар Сурия ҳимоя мекунаду  Ҷумҳурии Тоҷикистон ки як давлати соҳибистиқлол, дунявӣ ва демократӣ аст, ҳақ надорад, ки барои саодату суботи халқу кишвари хеш аз ҳар  гуна амалҳои иғвогарона ва шӯрангезе, ки барои ваҳдату суботи Ватан хатарнок бошанд, ҷилавгирӣ намояд ва дар ҳудуди хеш манфиатҳои миллии худро аз ҳуҷуми ҳизбҳои ифротгаро дифоъ накунад?

 Бинобар ин, аз муаллифи ин филм, Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ ва САҲА хоҳиш  ба амал меовардем, ки бофтаҳои бардуруғи ин ду ҳаракати ифротгароро ба инобат гирифта, нисбати Тоҷикистон, ки як давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба ҳисоб меравад,  чунин таҳлилҳои беасосро ба анҷом намерасониданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *