Муомилоти маводи тарфгарӣ ҷиноят аст

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров ҷавонписари 19-солаи сокини ноҳияи Айнӣ, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.

Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили пакети селофании дар дасташ буда, мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар вилояти Суғд 3000-дона маводи тарфгарии тамғаи «Трения” дарёфт ва гирифта шуд.
Ҳамчунин бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ҳудуди бозори марказии «Сомон”-и шаҳри Бӯстон зани 20-солаи сокини шаҳри Хуҷандро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дохили пакети селофании зани номбурда, мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар вилояти Суғд 3000-дона маводи тарфгарии тамғаи «С Новым годом” дарёфт ва гирифта шуд.
Ҳамин тариқ, зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварз, марди 44-солаи сокини ноҳияи Спитаменро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар вилояти Суғд 800-дона маводи тарфгарии тамғаи «Трения” дарёфт ва гирифта шуд.
Муайян карда шуд, ки номбурда маводи тарфгарии мазкурро ба маблағи 70-сомонӣ ба ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини ноҳияи Спитамен, хонандаи синфи 9-уми МТМУ фурӯхтааст. Аз рӯи ин ҳодисаҳо барои оғоз кардани парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо андешида шуда истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *