Мирзиёев ба ҷонозаи Ҳасанов рафт

Президенти  Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 23 декабр барои фотиҳахонӣ ба манзили як ветерани ҷанг рафт.

 Мадаминҷон Ҳасанов, ки сандуқи «Нуронӣ”-ро роҳбарӣ мекард, рӯзи 22 декабр дар синни 95 аз олам чашм пӯшид. Мирзиёев дар манзили марҳум ба наздикони ӯ таъзия баён кард ва ба ёд арвоҳи Мадаминҷон Ҳасанов даст ба дуо кушод. Соли гузашта низ Мирзиёев зимни сафари кориаш ба Бекобод вақте дар як ҳавли ҷамъи мардуми азодорро дид, корвони мошинҳояшро манъ карда, ба он манзил даромад ва ба арвоҳи марҳум дуо карда буд. Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон бо нашри ду акс хабар дод, ки Шавкат Мирзиёев рӯзи 23 декабр барои фотиҳахонӣ ба манзили Мадаминҷон Ҳасанов рафтааст. Мадаминҷон Ҳасанов, собиқадори ҷанги дуюми ҷаҳон ва раҳбари Сандуқи «Нуронӣ” рӯзи 22 декабр дар синни 95 вафот кардаст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *