Муовини раиси ҳукумат худро ба дор овехт

Муовини раиси девони вазирони Туркманистон Ботур Эрешов худкушӣ кардааст.

Манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтааст, Эрешов баъди боздошти писараш ба ин кор даст задааст. Дар бораи ин ҳодиса расонаҳои расмии Туркманистон хабар доданд. Бино ба иттилои сарчашмаҳо, писари Ботур Эрешов бо миқдори зиёди маблағ боздошт шуд.

«Эрешовро таъқиб мекарданд, вай хабар ёфт, ки дар фурсатҳои наздик бояд боздошт шавад. Баъдан ӯ худашро овехт. Ҷасадашро бурданд ва се рӯз ба пайвандонаш надоданд. Овоза аст, ки ҷасади Эрешовро дар ҳудуди Ӯзбекистон — зодгоҳаш ба хок супоридаанд. Писараш ҳанӯз дар боздошт аст», — мегӯянд сарчашмаҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Сомонаи «Хроника Туркменистана» менависад, Эрешов дар қабристоне дар вилояти Бухорои Узбакистон ба хок супорида шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *