Нуриддин мошини «Опел»-ро аз лотарея бурд кард

Нуриддин Юлчиев, як ҷавон аз ноҳияи Деваштич рӯзи 25 май шоҳҷоизаи лотереяи «Супер Лото» — мошини сабукрави «Опел”-ро бурд.

Нуриддин баъди бахт ба рӯяш хандиданд ба хабарнигорон гуфт, ки рӯзе набуд, ки лотарея нахарам ва билохира соҳиби чунин бурди калон шудаму қариб аз хурсанди дилкаф шавам.

Шабакаи телевизионии СМ-1 хабар дод, ки Нуриддин Юлчиев, як ҷавон аз ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) дар арафаи моҳи Рамазон аз лотереяи «Супер Лото” мошини «Опел” бурдааст. Нуриддин Юлчиев дар сӯҳбат бо хабарнигори СМ-1 гуфт, ки рӯзи 25 май дар бозори маркази ноҳияи Деваштич дар ивази 36 сомонӣ 12 лотерея харид. 11 лотереяи авввал бурде надошт, вале лотереяи охирин бурде дошт, ки ҳатто барои худи Нуриддин боварнокарданӣ буд.

Ӯ мегӯяд: «Ман аввал бовар накардам. Баъд ҳамон чиптафурӯш акои Баракатуллоҳ ба маркази вилоят занг заданд ва маро ба ин ҷо, барои супурдани ҷоизаам даъват карданд.”

Калиди мошини бурдаашро ба Нуриддин Юлчиев дар як маросими хос ҳунарпешаи маъруф Муқим Абдулфаттоев аз гурӯҳи «Хандинкамон” супурд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *