Трактор бо 3 нафар дар Шоҳдара ғарқ шуд

Вазоратикорҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шаби 25-уми май дар ноҳияи Роштқалъа бар асари сангрезӣ трактор бо се нафар ба дарё сарозер шудааст.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ трактори “МТЗ-80”, таҳти идораи марди 68-сола аз деҳаи Ҷавшангол ба самти маркази ноҳия ҳаракат доштааст: “Ногаҳон аз боло сангпораҳо афтида, ба қисми пеши трактор бархӯрдаанд. Ронанда аз уҳдаи идораи трактор набаромадааст ва дар натиҷа воситаи нақлиёт ба дарёи “Шоҳдара” чаппа шудааст”.
Манбаъ афзуд, дар натиҷа, худи ронанда ва мусофиронаш — ду марди 49 ва 50-сола, сокинони ноҳияи Роштқалъа дар дарё ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *