Муовини раиси вилояти Суғд Назирӣ кист?

Назирӣ соҳиби се маълумоти олӣ гардидааст.


Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон аз барканории муовини раиси вилояти Суғд Рустам Каримзода ва ба ҷои ӯ таъин шудани Зариф Назирӣ хабар дод

Зариф Назирӣ то ин вақт раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буд. Ӯ додарзодаи сарвазир Расулзода мебошад
Тибқи иттилои дар бораи Назирӣ Зариф Вализода нашркардаи сомонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ӯ 47 сол дошта, дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.
Соли 1988 баъди хатми синфи 8-и мактаби миёнаи №22-и ба номи Ҷабор Расулови шаҳр ба Политехникуми Осиёи Миёнагии шаҳри Чкалов дохил шуда, соли 1992 онро бо ихтисоси техник-бинокор хатм намудааст.
Минбаъд таҳсилашро дар Донишгоҳи озоди Тоҷикистон (аз рӯи ихтисоси иқтисодчӣ), Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқ (бо ихтисоси ҳуқуқшинос) ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (бо ихтисоси муҳандис-мелиоратор) ғоибона идома дода, соҳиби се маълумоти олӣ гардидааст.
Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1992 дар омӯзишгоҳи касбӣ техникии №75-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳайси техник-бинокор оғоз намудааст.
Солҳои 1993-1996 мушовири Ҷамъияти саҳҳомии “МОГАЛ-ЛТД”, солҳои 1996-2001 мутахассиси пешбари бонки тиҷоратии “Хуҷанд”, давоми соли 2001 корманди Нозироти андози вилояти Суғд, 2001-2002 мушовири Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи “Поиск”, солҳои 2002-2003 мутахассиси пешбари идораи тиҷорат ва алоқаи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2003-2004 прораби колонаи сайёри механиконидаи №20, 2004-2007 сардори Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи колоннаи сайёри механиконидаи №27, солҳои 2009-2012 сардори идораи хоҷагии оби ноҳияи Конибодом, солҳои 2012-2014 сардори идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, соли 2014 то аввали соли 2016 сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояти Суғд буд.
Аз 11 январи соли 2016 бо Фармони президенти Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъин гардидааст.
Оиладор буда, соҳиби панҷ фарзанд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *