USAID баландтарин дар ҷаҳон неругоҳи офтобиро дар Мурғоб сохт

Намояндагони Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар тантанаи кушодашавии нерўгоҳи нави офтобӣ, бо иқтидори 220 киловатт дар Мурғоб, иштирок намуданд, ки он калонтарин дар Тоҷикистон ва дар нуқтаи аз ҳама баландтарини дунё ҷойгиршуда ба ҳисоб меравад.

Инчунин лоиҳа нерўгоҳи барқии нигоҳдорандаи нерўро бо тавоноии 180 киловатт-соат дар бар мегирад.

Нерўгоҳи офтобии нав натиҷаи бевоситаи ҳамкории бомуваффақият байни Ҳукумати Тоҷикистон,USAID ва ширкати «Помир Энерҷӣ» мебошад. Тибқи дархости Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, USAID насб намудани нерўгоҳро дар Мурғоб дастгирӣ намуд, то ки иқтидори нерўгоҳи барқии «Тоҷикистон» (собиқ Оқсу) бо иқтидори 1,5 мегаватт, ки дар наздикии он ҷойгир шудааст, афзоиш бидиҳад ва нерўи барқи аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба шабакаи барқии маҳаллӣ таҳвил бидиҳад.

Ноҳияи Мурғоб дар Помир ҷойгир шудааст ва яке аз баландтарин нуқтаҳои аҳолинишини дунё ба ҳисоб меравад. Зиёда аз 6000 одам аз манбаҳои барқтаъминкунии «Помир Энерҷӣ» ва шабакаҳои миллии барқӣ, бо сабаби дар баландии 3600 метр қарор доштанаш, дар бунбаст қарор доштанд. Нерўгоҳи офтобии нав дар Мурғоб дастрасӣ ба нерўи барқ дар давоми рўз то 50 фоиз зиёд мекунад. Ин на танҳо сатҳи зиндагии сокинонро баланд мебардорад, балки барои рушди умумии иқтисоди минтақа мусоидат мекунад.

USAID, ба Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳо дар соҳаи энергетикаи тоза, инчунин таъмини устувори барқтаъминкунии ҷамоатҳои дурдаст, зиёд намудани иқтидори ширкатҳои энергетикӣ, вобаста ба сохтмон ва идоракунии нерўгоҳои барқӣ дар асоси манбаҳои барқароршавандаи энергия кўмак мекунад.

Бо татбиқ намудани лоиҳаи таҷрибавии мазкур, USAID нишон медиҳад, ки ҳукуматҳои миллӣ, ташкилотҳои донории байналмилалӣ ва бахши хусусӣ метавонанд дар якҷоягӣ масъалаи рушди ҳатто дуртарин ва дар бумбаст қарордоштаи нуқтаҳои дунёро ҳал намоянд.

###

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *