Муовини вазир ба сафир комёбӣ таманно кард
Имрӯз, 7-уми феврал, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини Подшоҳии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон) Анри Вантигемро қабул кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Белгия ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намудаанд.
— Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Белгияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ