Бо суръати сангпушт! Сохтмони 11 иншоот дар Хатлон кай ба охир мерасад?!

Феълан дар вилояти Хатлон сохтмони 11 иншооти таъиноташон гуногун нотамом боқӣ мондааст. Ин иншоот асосан бо ҳиссаи буҷети вилояти Хатлон бунёд мешаванд.

Ибод Шаҳбозхонов, сармуҳандиси Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон имрӯз, 7-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот даҳсола боз оғоз шудаву бо далели сари вақт маблағгузорӣ нашудан нотамом боқӣ мондаанд. Ӯ мегӯяд, ки “барои ба қадри кофӣ идома додани корҳои сохтмонӣ дар иншооти дар мувозинати мо буда дархости ҷудо кардани 100 миллион сомониро пешниҳод кардем. Вале, мутаассифона, барои як сол каму беш 10 миллион сомонӣ ҷудо мешаваду бас”.

— Ҳамин кам ҷудо шудани маблағ сабаби асосии кашолкорӣ дар корҳои сохтмонӣ аст. Имсол дар маҷмуъ барои идома додани корҳои сохтмонӣ дар ҳама иншооти дар мувозинати мо буда танҳо 7 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо шудаасту халос,- таъкид кард вай.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *