Мурғҳои Руссияро ба Аврупо даромадан намемонанд
Иттиҳоди Аврупо воридоти гушти мурғро аз Руссия комилан қатъ намуд. Ба иттилои ТАСС, бо сабаби дар корхонаҳои мурғпарварии Руссия пайдо гардидан нишонаҳои зукоми мурғ, воридоти онро ба давлатҳои Аврупо манъ карданд.
Ин манънамоӣ мувақатӣ буда, танҳо ба воридоти гушти мурғ дахл дорад.
Айни ҳол 18 корхонаи Руссия ҳуқуқи содирот намудани гушти мурғро ба Аврупо доранд. Аз онҳо бузургтаринашон «Черкизово» ва «Даманте» мебошанд, ки корхонаҳои мурғпарварияшон бо вириси зукоми мурғ гирифтор шудааст. Ҳамчунин вилоятҳои Ростов , Курск , Самара , Орлов ва Пенза низ бо чунин беморӣ мубориза бурда истодаанд.
Зукоми мурғ яке аз бемориҳои сироятие мебошад, ки парандагон ба он гирифтор мешаванд. Дараҷаи паҳншавияш ниҳоят босуръат мебошад. Ҳарчан қисмати зиёди ин вирусҳо ба инсон безарар аст вале баъзеи он ба саломатӣ хатари калон дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ