Раиси бонк вафот кард

Шоми 16 июл, сохати тахминан 18:30 Фаридулло Шарифов, раиси шуъба(филиал)-и Бонки рушди Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар ҳуҷраи кориаш бар асари аз кор мондани қалбаш аз олам чашм пӯшид. Фаридулло Ҳоҷиевич Шарифов ҳамагӣ 42 сол дошт.

Маросими намози ҷанозаи Фаридулло Шарифов рӯзи 17 июл, соати 10 дар деҳаи Чашмаи Қозии ҷамоати ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт доир мешавад.

Бонки рушди Тоҷикистон соли 2006 таъсис ёфтааст. Ҳаҷми сармояҳои Бонки рушди Тоҷикистон дар анҷоми соли 2016 дар маҷмӯъ 114,7 миллион сомонӣ, ё чизе бештар аз 12 миллион доллар бо қурби имрӯзаро ташкил додааст.

Ду сол пеш ин бонк бо тамоми саҳмияҳояш 100 фоиз дар ихтиёри «Тоҷиксодиротбонк” қарор гирифт. Раҳбарии Шӯрои нозирони Бонки рушди Тоҷикистонро ҳоло Тоҷиддин Пирзода, раиси «Тоҷиксодиротбонк” ба дӯш дорад.

Бонки рушди Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Рашт 9 шуъба (филиал) дорад. Ин бонк ҳамчунин дар саросари кишвар 18 нуқтаи хидматрасонии бонкӣ ва 28 нуқтаи интиқоли пул дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *