Мураббии кӯдакистон — “Беҳтарин омӯзгори сол”

Мураббии кӯдакистони рақами 119-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукрона Мадиева ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Муаллими соли Тоҷикистон-2023” гардид. Дар ин бора Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ додааст.

Дар даври ҷумҳуриявии озмун ба ҷуз аз Шукрона Мадиева боз 4 нафар омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ: №24 Бохтари вилояти Хатлон Мастура Алимзода, №4 ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Марҳабо Бобоҷонова, №8 Ҳисор Фариза Ғафурова ва №5 ВМКБ Саврина иштирок намудаанд.

Мусобиқа дониш ва маҳорати касбии муаллим, қобилияти ташкили меҳнат ва ғайраро ошкор намудааст. Ҳадаф аз баргузории озмун баланд бардоштани мақоми мураббӣ, сатҳу сифати таълиму тарбияи томактабӣ ва нақши мураббиён дар рушди ҷомеаи имрӯза мебошад.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ширкаткунандагон ва ғолибони озмун рӯзи 30-юми сентябр бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *