Мурда дар тобут зинда шуд?!

Дар шаҳри хитоии Цзюньлян  ҳодисаи аҷиби ғайриодӣ рух дод. Ҷавонмарде ба хоби тӯлонӣ фурӯ рафта, дигар нафас накашидан ва хунук шудани дасту пойи падари 75-солаашро дида, гумон мекунад, ки мӯйсафед фавтидааст ва ҳамаро ба ҷаноза хабар мекунад.
Вақте ки маросими дафн сар шуд, мурда якбора ба ҳаракат даромада аз тобут бархост. Зинда шудани мурдаро дида хешу табор ва дигар одамони ба ҷаноза омада доду фиғонкунон гурехтанд. Баъдтар маълум шуд, ки  пиракӣ ду рӯз чизе нахӯрда аз бемадорӣ ба хоби тӯлонӣ рафтааст. Аҷибаш он аст, ки то омодагиҳо ба маросими ҷаноза чанд рӯз давом карда бошанд ҳам, мӯйсафед дар ин муддат ягон бор бедор нашудааст ё ақаллан наҷунбидааст. Пас аз каме ба худ омадан пайвандонаш аз мӯйсафед бахшиш пурсида, ӯро дубора ба бистари хобаш хобонданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *