Мурдаи бесоҳибро ба хок супурданд

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ҷасади ҷавонеро, ки дар паси як мактаби миёнаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайдо шуда буд, баъди ду моҳи нигоҳдорӣ дар сардхона ба хок супурданд.

Cухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст,ки  аз тариқи тамоми расонаҳои кишвар акси ӯро нашр карданд, вале касе шахсияти ӯро нашинохт.»Дар тамоми расонаҳо аксаш нашр шуд, аммо касе пайдо нашуд, ки ӯро шиносад ва ҷасадашро соҳибӣ кунад. Аз ин рӯ, тибқи муқаррарот гӯру чӯб карда шуд», — гуфтаст Умарҷони Эмомалӣ.Масъулони дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ташхиси пизишкӣ-додгоҳӣ маълум кард, ин ҷавон худкушӣ кардааст. Аммо гуфтанд, ба далели пайдо нашудани наздикону дӯстон ва маълум набудани вазъи зиндагӣ сабаби  чунин рафтори ҷавон норӯшан боқӣ мондааст. Ҷасади ӯ субҳи 5 сентябри соли ҷорӣ дар паси як мактаби миёнаи ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пайдо шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *