Вазъи боду ҳаво

 Имрӯз дар кишвар ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа ва рӯзона аз 17 то 19 дараҷа гарм мешавад.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар доданд, имрӯз дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок, асосан бебориш пешгӯӣ гардидааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 5 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона 5 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар вилояти Xатлон низ ҳавои тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа ва рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Дар баландии зиёда аз 2000 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 5 дараҷа ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар баландии зиёда аз 2000 метр барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 то 7 дараҷа гарм ва рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5 дараҷа ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *