Муроҷиат ба Президенти Ӯзбекистон: Нагузоред, ки “Овози тоҷик” хомӯш шавад!
Аввалин рӯзи навбаҳори соли 2018 басо болидарӯҳ будам.Зеро маҳз бо иродаи нек ва ибтикори башардӯстонаи президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мӯҳтарам Шавкат Мирзиëев марзи бастаи Ӯзбекистону Тоҷикистон кушода шуду ҳазорон ҳазор мардуми ташнаи дидор ба висоли ҳамдигар расиданд.
Шодию нишот, бӯсу канор ва ашки шодии пиру барноро дида, дили ҳассос якбора ба ваҷд омаду беихтиëр гиристам… Хушбахтона, он гиря аз хурсандӣ буд. Аммо…
Аввалин рӯзҳои соли 2020 хеле афтодарӯҳ шудам.Зеро номаи пуризтироби ҳайъати таҳририяи рӯзномаи «Овози тоҷик » ба чашмам расиду дил ғарқоби хун гашт ва чанд қатра ашки талх ба рухсора шорид:
ОБУНАИ ГАЗЕТАИ » ОВОЗИ ТОҶИК » БАРОИ СОЛИ 2020 ҲАМАГӢ 680 НУСХА БУДА,ҲАМАГӢ 140 НУСХАИ ОН СОЛОНА МЕБОШАД. ИН МАЪНОИ ПӮШИДА ШУДАНИ НАШРИЯРО ДОРАД. НАГУЗОРЕД, КИ «ОВОЗИ ТОҶИК » ХОМӮШ ШАВАД!
Чӣ бояд кард?
Аз таҷрибаи панҷоҳсолаи журналистӣ возеҳ медонам, ки обуна ба нашрияи даврӣ мисли обу ҳаво ҳалкунанда асту онро инчунин ба хуни гарме метавон ташбеҳ дод, ки дар шараëни инсон ҷорист. Яъне, агар хун беҳад кам бошад, марг ногузир аст!
Аз андешаҳои гаронбор оромиву осоиш ва эҷодкорӣ як сӯ монд. Чунки бо тамоми вуҷуд ба ҳамкасбони паршикастаи худ кӯмак расондан мехостам. Вале замин сахту осмон баланд ва даст кӯтоҳ буд…
Мо – адибон дар чунин лаҳзаҳои басо душвор ва сарнавиштсоз, одатан, аввал аз Худои меҳрубон мадад мепурсему сипас бузургворонро ба кӯмак мехонем. Ман Ҳазрати Хизрро ëд кардаму ягона роҳи ҳалли мушкилтарин масъала — аз нобудшавӣ наҷот додани газетаи » Овози тоҷик » дарҳол пайдо шуд: худ аз худ чеҳраи нуронии садри аввалмақоми Ӯзбекистон Шавкат Мирзиëев пеши назарам намудор гардид!
Ва бе ягон дудилагӣ қарор додам, ки дар чунин лаҳзаи тақдирсоз ва тақдирсӯз маҳз ба ин Бузургмард бо дили пурмеҳр мушаххасан муроҷиат намоям.Зеро иқдоми таърихии Ӯ — бо як нафаси гарм об кардани пиряхи бистсола ва умри дубора бахшидан ба дӯстию бародарии тоҷикону ӯзбекон намунаи олии родмардӣ асту маро ба ояндаи хуб дилпур гардонд. Дарҳол қалам ба даст гирифтам…
Номаи меҳрубонӣ
Шавкат Мирзиëеви гиромиқадр, ду сол муқаддам Шумо бо пиндори нек ва амали хайр дари бастаро кушода, ду маънии бузургро исбот кардед: 1. Ҳақиқатан ҳам асилзода ва бузургвори қудратманд, яъне ШАВКАТ мебошед. 2. Ҳақиқатан ҳам пури МИРЗИË, яъне сарвари нурбахш ва равшанзамир мебошед.
Ҳолиë бо чашмони мушоҳидакори журналистӣ холисона мебинам, ки эътибор ва қадру қимати Шумо рӯз то рӯз афзун гашта, беш аз пеш соҳиби бартарӣ ва фазилати олӣ мешавед. Ин подоши дӯсткориҳои Шумост.
Худ хуб медонед, ки обуна ба газетаи «» Овози тоҷик » масъалаи хурд ë дуюмдараҷа нест. Онҳое, ки миқдори обунаи имсоларо ба ҳадди нестӣ расондаанд, бадният ва дилсиëҳанд. Ба пиндори ман, онҳо душмани дӯстию бародарии халқҳои тоҷику ӯзбеканд.
Вале алҳол тақдири онҳоро ба Худо ҳавола карда, холисона ва беғаразона ба Шумо муроҷиат менамоям. Саҳеҳтараш, ба ҳайси як адиби тоҷик аз Шумо илтимос ва ба ҳайси як журналисти тоҷик аз Шумо илтиҷо менамоям, ки газетаи «Овози тоҷик » — ро аз нобудшавӣ наҷот диҳед.Ба ин нашрияи азизи ҳамагон Отахон шуда, бо шафқати падарона онро аз роҳи баста берун кашед ва лутфан ба шоҳроҳи камолот гузоред.Зеро фақат Шумо метавонед ин нашрияи таърихиро аз сардиҳои зимистон наҷот дода, ба навбаҳори сабзу хуррам расонед.
Ба Шумо тавфиқ мехоҳам. Бо дуои пирони кор ва қаламкашони асили тоҷику ӯзбек сарсабзу сарбаланд ва сиҳату саломат бошед.
Бо эҳтироми рӯзафзун Додохони Эгамзод, адиб ва рӯзноманигори тоҷик. Шаҳри Хуҷанд, 05.01.2020.
Ба ҷои охирсухан
Ин муроҷиатномаи шахсии як адиб ва рӯзноманигори собиқадори тоҷик аст. Агар саҳву хатое дошта бошад, пешопеш узр мепурсад. Вале бовар дорад, ки ҳамфикру ҷонибдоронаш хоми ӯро пухта мегардонанд.
Аз ҳамкасбони гиромӣ Адаш Истади Самарқандӣ, Марямбонуи Сӯхӣ, Мирасрори Фарғонӣ, Фарҳод Абдувализодаи Хуҷандӣ ва дигар дӯстони арҷманд эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки мағзи талхро аз пӯст бароварда, ин навиштаро ба забони ӯзбекӣ тарҷумаю ҳар чӣ бештар расонавӣ намоянд, то замзамаи сӯзу гудози қаламкаши дилдӯзи Ворухӣ самари ширин орад, дурри мақсуд ба каф ояд ва ҷаридаи “ Овози тоҷик” аз варта наҷот ëбад…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ