Муроҷиати Пол Погба ба Тоҷикистониён (аудио)

Яке аз футболбозони маъруфи фаронсавӣ, ки ҳоло дар ҳайати бошгоҳи “Ювентус” ба майдон мебарояд, дар як навор ба тоҷикистониён муроҷиат кард.

Дар видеои кӯтоҳ, ки ба ифтихори ифтитоҳи “Академияи Ювентус” дар шаҳри Душанбе сабт шудааст, Пол Погба чунин мегӯяд:

— Умедворам, ки тамоми кӯдакону наврасон аз пӯшидани либоси  “Ювентус” ҳаловат мебаранд. Бо шодӣ ва шавқ бозӣ кунед.

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар маросими ифтитоҳи “Академияи Ювентус” дар шаҳри Душанбе Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда буд. Акнун дар “Академияи Ювентус” кӯдакону наврасони мо метавонанд бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ тамрин карда, ба майдонҳои бузурги футбол бароянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *