Муроҷиати сокинони Истаравшан: Аз баҳси замин то таъмири роҳу бунёди бунгоҳ

22-юми январи соли 2022 дар ҷамоати деҳоти «Гули сурх» раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода якҷо бо роҳбарияти сохторҳои дахлдори шаҳр арзу муроҷиати шаҳрвандонро қабул намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан, зимни қабули шаҳрвандон зиёда аз 23 нафар сокинони деҳаҳои ҷамоат доир ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла сохтмони муассисаи таълимӣ, баромадан ба нафақа, таъмири роҳ, сохтмони бунгоҳи тиббӣ, баҳси замин, гирифтани кумакҳои молиявӣ ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ муроҷиат намудаанд.

Дар ҷараёни қабули муроҷиатҳо ва гуфтугӯи озод бо шаҳрвандон раиси шаҳри Истаравшан бобати ҳалли саривақтии онҳо ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

— Тибқи нақшаи тасдиқгардида қабули сайёри арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Истаравшан дар дигар ҷамоатҳои деҳот низ минбаъд идома дода мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *