Муроҷиати аҳли зиё ба шаҳрдор: Ҳайкали Борбад гузошта шавад…

Гурӯҳе аз донишмандону зиёиёни тоҷик бо ирсоли як номаи саркушода ба унвони раиси тозатаини шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ӯ хостаанд, ки ҳайкали асосгузори мусиқии тоҷику форс Борбади Марвазӣ дар пойтахти Тоҷикистон гузошта шавад.

Ин муроҷиатномаи 32 нафар, академикҳо, адибон, профессорон ва ҳунармандону меъморони тоҷик дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” нашр шудааст. Матни комили муроҷиатнома:

МУРОҶИАТНОМА

ба и.в. Раиси шаҳри Душанбе Рустами  Эмомалӣ

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ, эҳтиромона ба иттилои Шумо мерасонем, ки рӯзҳои 21-28 апрели соли 1990 дар пойтахти кишварамон ва қаламрави Тоҷикистон ҷашни 1400-солагии асосгузори мусиқии классикии тоҷику форс Борбади Марвазӣ (590-628) бо иштироки намояндагони илму ҳунари 37 кишвари ҷаҳон ва ҷумҳуриҳои Иттиҳоди шӯравӣ таҷлил гардида буд. Дар ин ҷашн 1200 нафар олимону ҳунармандони машҳури хориҷию ватанӣ (аз ҷумла Котиби генералии Шӯрои мусиқии ЮНЕСКО профессор Диттер Кристенсен, сарояндаи бузурги Шарқ Муҳаммадризо Шаҷариён ва даҳҳо устодони маъруфи санъати Шарқу Ғарб) ширкат варзида буданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар қисми хотимавии ҷашн иштирокдорон баробари қабули ҳуҷҷати расмӣ, инчунин пешниҳод намуда буданд, ки дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе муҷассамаи поягузори мусиқии Машриқзамин Борбад (аз ҳисоби саҳмгузорони ҷашн ва саҳми хосаи шаҳрдории Душанбе) гузошта шавад. Аммо, мутаассифона бо сабаби ба вуқуъ пайвастани ҷанги таҳмилӣ маблағи ҷамъшуда (саҳмияи аз корхонаҳо воридгардида ва дар бонк гузошташуда) ба истилоҳ беному нишон ғайб заданд ва то имрӯз гузоштани ҳайкали Борбад ба таъхир афтод.

Ҳамзамон ба иттилои Шумо мерасонем, ки гурӯҳи корие барои таҳияи тарҳи муҷассама бо роҳбарии устоди шодравон Муҳаммад Осимӣ (Раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 1400-солагии Борбад буданд) таъсис ёфта, ҳайкалтароши машҳури тоҷик Шаҳриёр Мухторов тарҳи муҷассамаро пурра омода карда ва аз мадди назари ҳайати корӣ гузаронида буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  аввалин мусоҳибаи мустақими телевизиониашон, соли 1992 дар ҷавоб ба саволи гурӯҳи зиёиёни кишвар доир ба тақдири муҷассамаи Борбад дар пойтахти кишвар иброз намуданд, ки муҷассамаи Борбадро ҳатман мегузорем.

Имрӯз имкону шароити гузоштани муҷассамаи бузургтарин чеҳраи фарҳангамон Борбад фароҳам омадааст. Гузоштани муҷассамаи ин ситораи фурӯзони машриқзамин, ки дар осораш таъриху тамаддун, муборизаи озодихоҳонаи тоҷиконро бар зидди ғорату забткориҳои араб мардумро даъват намуда, беш аз ҳама истиқлолияту озодихоҳиро ситоиш намудааст, дар замони муосир боло бурдани ифтихори миллӣ, бедору таҳким бахшидани ёди таърихӣ, мубориза алайҳи ифротгароию бегонапарастӣ (махсусан ҷавонон) бисёр муҳим аст. Воқеан Борбади Марвазӣ баробари чеҳраи бузурги фарҳанг будан, инчунин ватандӯст ва муборизи нотакрору устувор барои якпорчагию озодии кишвар ва бедор намудани ифтихори миллии ниёконамон ҳам мебошад.

Аз ин рӯ, мо гурӯҳи зиёиёни кишвар дар идомаи эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон аз Шумо роҳбари ҷавону ифтихорманди пойтахти Ватани азизамон шаҳри зебоманзару гул-гулшукуфони Душанбе таманно дорем барои гузоштани муҷассамаи асосгузори мусиқиамон — Борбад иқдоми хоса ба харҷ хоҳед дод.

Бо арзи эҳтиром ва иродати зиёда:

Раҳим Масов- академики АИ ҶТ

Мӯсо Диноршоев – академики АИ ҶТ

Кароматулло Олимов – академики АИ ҶТ

Ҷӯрабек Муродов – Артисти халқии СССР,  барандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Рӯдакӣ

Гулназар Келдӣ —  шоир, барандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Рӯдакӣ

Қудратулло Яҳёзода-композитор, барандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Рӯдакӣ

Муҳаммадраҳим Каримов-меъмор, барандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Рӯдакӣ

Мирзо Муллоаҳмадов-аъзо-корреспонденти АИ ҶТ

Шоназар Шоисматуллоев –аъзо-корреспонденти АИ ҶТ

Абдувалӣ Абдурашидов-Артисти халқии ҶТ

Юсуфшоҳ Ёқубов-аъзо-корреспонденти АИ ҶТ

Саидқул Билолов –Артисти халқии ҶТ, барандаи Ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи Рӯдакӣ

Ҳаётой Мӯминов-Артисткаи халқии ҶТ

Аскаралӣ Раҷабов-профессор. Арбоби шоистаи санъати ҶТ

Рақиб Абулҳаев-доктори илмҳои таъриих, профессор

Ҳайдаршо Пирумшоев-доктори илмҳои таърих, профессор

Бурҳон Муҳаммадқулов-Артисти халқии ҶТ

Ҳамза Камол-доктори илмҳои таърих, профессор

Парвонахон Ҷамшедов-доктори илмҳои филологӣ, профессор

Саъдулло Раҳимов-доктори илмҳои филологӣ

Тоҷиддин Мардонӣ-доктори илмҳои филологӣ

Баҳриниссо Қобилова-мусиқишинос, доктори илмҳои таърих

Абдуқаҳҳор Саидов-доктори илмҳои таърих, профессор

Юсуф Нуралиев-доктори илмҳои тиб, профессор

Саидмурод Бобомуллоев-доктори илмҳои таърих

Сангаҳмад Тиллоев-доктори илмҳои таърих, меъмор

Манзура Ҳасанова-композитор

Фозил Абдурашидов-доктори илмҳои таърих

Алӣ Муҳаммади Хуросонӣ-шоир, муҳаққиқ

Сангинмурод Қурбонов-мутриб

Шариф Комилзода-муҳаққиқ фарҳангшинос

Абӯбакр Зубайдов-мусиқшинос, муҳаққиқ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *