Марям Зуҳдӣ-Лондон-Эрон

Дар торикӣ
Дуртар аз шаҳри хомўши беофтоб,
Танҳотар аз мусофирони монда дар роҳ.
Мабҳуттар аз сокинони ҷазоири шиновар,
Саргардон миёни обҳои беҷиҳат.
Мунтазиртар аз ҳавои нафасҳои табдори мо,
Ҷомондатар аз заминҳои беборон.
Мусофирони ҳаросон,
Тарсидатар аз гумшудаи дашт,
Дастони рақсон дар ҳаво.
Хира мондаам ба абадияте, ки
Аз баландои бом ғарибаке худашро партоб кард.
Поинтар, поинтар,
Вомондатар аз осмоне, ки хуршедро ба хотир намеоварад.
Дер шуд, соат аз хоб гузашт,
Дигар роҳе барои худкушӣ нест.
***
Марзи мамнўъ
Бедоди сабзи чаман,
Ва ин ҳама худнамоии абрҳо,
Кофӣ нест барои ин ки бовар кунам.
Ин ҷо ҳамон ҷост,
На ин нафасе, ки дур аз қафас тоза мешавад.
На ин ҳавои пок,
Ҳеҷ кадом нишони он раҳоӣ, ки мегуфтӣ надорад.
Гесувонамро,
Месупорам ба дасти ин боди ҳарза ва ғариб.
Нигоҳамро,
Мефиристам пайи парсаҳои вақту бевақти тоза.
Аммо боварам намеояд ин ҷо дасти дилам боз бошад ба саракаш,
Боварам намеояд ин ҷо хаёл,
Марзи мамнўъ надошта бошад.
Мамнўият бо мост,
Ҳар ҷо ки бошам.
На, бовар намекунам, ин ҷо ҳамон ҷост,
Будан ҳамон хостан нест!
***
Орзу
Шароби ҷони ҷаҳонро касе,
Дар пастўи ниҳонхонааш,
Дар ҳазортўи дилдодагиҳояш,
Дар булури танҳоӣ нигаҳ медорад.
Ва ҳар шаб,
Пинҳонӣ,
Ҷоме ба саломатии ҳарчӣ гесўи парешон аст, менўшад.
Масти бодаи сурх,
Сардаргиребоне аст, ки ҳеҷ хабар аз дили мо надорад.
Аммо дилаш сахт танги дарёҳост,
Ҳоло хилвати дили ман,
Ё парешонии хаёли ту,
Чӣ фарқе мекунад вақе нестӣ.

مریم زهدی- لندن- ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *