Муродбек: Ташаккур, ки мани ятимро дастгирӣ намудед
Хонандаи гиромии Tajikistantimes.tj хуб огоҳ аст, ки сомонаи мо чанд рӯз аст, ки барои Муродбек Юлдошови 15- сола сару либос ва лавозимоти мактабӣ ҷамъовари дорад.
Субҳи имрӯз аз сӯйи як гурӯҳ хайрхоҳони сомонаи «Фейсбук», хусусан саҳифаи Tajikistantimes.tj дар «Фейсбук» ва саҳифа- гурӯҳи «Мы таджикистанцы» лавозимоти мактаби аз қабили дафтару ручка ва китобу дигар масолеҳи зарурӣ ба идораи сомонаи мо расонида шуд, ки мо ҳамаи онро ба Муродбек расонидем.
Муродбек зимни сӯҳбат бо хабарнигори Tajikistantimes.tj изҳори шодмонӣ намуда, гуфт, ки « Аз ҳамаи онҳое, ки ба банда кӯмак намуданд, изҳори сипос мекунам. Ман ба умеди танҳо либоси мактабӣ ба идораи шумо омада будам, аммо ҳеҷ намедонистам, ки ашхоси саховатпеша ин қадар зиёд ҳастанду дар як муддати кӯтоҳ маро бо ҳамаи лавозимоти зарурӣ таъмин месозанд».
Муродбек дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки баробари дар сомонаи Tajikistantimes.tj нашр шудани дархосташ ба ӯ аз ҷониби Раёсати шуғли аҳолӣ дар ноҳияи ҳисор барояш кор- муаллими информатика барои калонсолон пешниҳод намуданд, ки ӯ ин пешниҳодро бо камоли хушнудӣ пазируфтааст.
Дар охир Муродбек гуфт, ки «Дар ҷавоб ба ин ҳама неки хонандагони сомонаи Tajikistantimes.tj бо тамоми саъй хонда, дар донишкадаи олии кишвар таҳсили худро идома дода, дар оянда ҳамаи некии Шуморо бармегардонам. Бори дигар аз ҳамаи шумо сипосгузорӣ намуда, гуфтаниям, ки шумо, ки мани ятимро дастгирӣ намуда, дар лаҳзаҳои сахти зиндагиям танҳо нагузоштед, бигзор Худованд шуморо танҳо нагузорад».
Мавриди зикр аст, ки айни замон мо бо кӯмаки хонандагонамон барои Муродбек тамоми лавозимоти мактабӣ, ба истиснои сумка харида додем. Пули либосашро ташкилоти «Некӯкорӣ» дод. Танҳо сумка ва либоси зимистона мондааст. Агар ашхоси хоҳишманди ба Муродбек дасти кӯмак дароз менамуда боз пайдо шавад, ба сомонаи мо муроҷиат намоянд ё кумакҳои хешро ба суроғаи хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои «Шарки озод» ошёнаи 11 биёранд, мо ҳамаи онро ба Муродбек мерасонем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ