Хархурӣ дар Бишкек

Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар чанд  чойхона   ва қаҳвахонаҳо фурӯши гӯшти харро дарёфт кардаанд.

Дар тарабхонаҳо бошад, барои мизоҷон аз гӯшти ин ҳайвон таом тайёр мекунанд. Мақомоти шаҳр ба  хулосае  омаданд, ки онҳо  «тамоми чораҳои заруриро барои ошкор кардан ва  муҷозот намудани  гунаҳгорон меандешанд» Ин аксе, ки шумо мебинед, дар саҳифаҳои «фейсбук» чарх мезанад ва ҳоло барои муқаррар намудани ҷои он ва нафаре, ки дар акс тасвир ёфтааст,  кормандони ВКД Қирғизистон кор мебаранд.

 

Бино  ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ин кишвар , аз 1 феврали соли 2016 гурӯҳи ҷамъиятии « хар KG  корбар »  ошхонаҳо ва занеро , ки дар он ин зан бо сари  буридаи хар акс ёфтааст, меҷӯянд.

Аз рӯи ин ҳодиса 10 кормандони Сарраёсати Вазорати корҳои дохилӣ  чораҳои оперативӣ -ҷустуҷӯиро бо мақсади ёфтани манбаи асосии паҳншавии ин аксро роҳандозӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *