Мусавибаҳор дар Бемористони Ибни Сино ба табобати беморон шуруъ мекунад

Бемористони Ибни Сино хабар медиҳад, ки эндоурологи варзидаи эронӣ, доктор Сайид Ҳабибуллоҳи Мусавибаҳор аз 20-уми июн дар беморхонаи мазкур ба ташхис ва табобати беморон шуруъ мекунад.

Бино ба иттилои манбаъ, нафароне, ки аз бемориҳои гурда ва роҳҳои пешоб азият мекашанд, метавонанд барои ташхису табобат муроҷиат намоянд.

— Доктор Мусавибаҳор раиси Анҷумани эндоурологони Эрон мебошад ва раёсати Донишгоҳи улуми пизишкии Ҳамадонро низ ба уҳда дорад. Доктор Сайид Ҳабубуллоҳи Мусавибаҳор яке аз ҳамкорони ҳамешагии Бемористони Ибни Сино буда, мутахассиси варзидаи соҳаи эндоурологӣ ба шумор меравад. Мутахассиси варзида дар анҷоми амалҳои эндоҷарроҳӣ таҷрибаи ғанӣ дорад ва табобати ҳамаи бемориҳои гурда ва роҳҳои пешобро бо истифода аз шеваҳои ҷадидтарин анҷом медиҳад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *