Аз 10 то 50 000 сомонӣ. Ваъдаи ректори нави ДДОТ ба омӯзгорону донишҷӯён (аудио)

Ректори нави Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодулллозода ваъда додааст, омӯзгороне, ки рисолаи номзадӣ ҳимоя мекунанд, 10 ҳазор сомонӣ ва докторӣ 15 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Ин нукта дар ҷаласаи 13-уми июн бо иштироки деканҳо, мудирони кафедра ва дигар масъулини донишгоҳ садо додааст.

Инчунин, ба омӯзгороне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мешаванд, 50 ҳазор сомонӣ ва ба донишҷӯён 20 ҳазор сомонӣ тақдим карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки роҳбарон, деканони факултетҳое, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мешаванд, ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.

Ибодуллозода зимни ҷаласа иброз намудааст, ки “мақсади асосии мо беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани иқтидори илмӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорон мебошад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *